бемулоҳиза — [بي ملاحظه] 1. беандеша, ғайримулоҳизакор, кӯтоҳандеш, сабук; муқоб. дурандеш 2. кӯтоҳандешона, ба таври бояду шояд мулоҳиза накарда: бемулоҳиза кор кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бомулоҳиза — [باملاحظه] 1. мулоҳизакор, эҳтиёткор; дурандеш: одами бомулоҳиза 2. мулоҳизакорона, эҳтиёткорона; дурандешона: ҷавоби бомулоҳиза … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фикр — [فکر] а. андеша, тааммул 2. хаёл; мулоҳиза; ба фикри ман… бино ба мулоҳизаи ман, аз рӯи пиндошти ман, чунон ки ман меандешам; фикр аз як ҷо баромадан маҷ. ҳамфикр ва ҳамақида будани ду кас дар бораи масъалае; фикр давондан фикр кардан, мулоҳиза… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ақл — [عقل] а. қобилияти дарки моҳияти чизҳо, қобилияти фаҳмиш, қувваи идрок ва дарёфти неку бад; зеҳн, фаҳм, хирад: ақли баркамол, ақли расо, ақли солим, ақлу заковат, ақлу тамиз, ақлу фаросат, ақлу фаҳм, ақлу ҳуш; ақл ба чизе (касе) банд шудан дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кӯр-кӯрона — [کورکورانه] бе мулоҳиза, чӣ шудани оқибатро наандешида, насанҷида: кӯр кӯрона бовар кардан насанҷида, бечуну чаро бовар кардан ба касе; кӯр кӯрона тақлид кардан фикр накарда (бе мулоҳиза) тақлид кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пой — I [پاي] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки воситаи рафтан аст ва бадан дар болои онҳо қарор гирифтааст 2. бо изофат – (қисми зери чизе; таг, зер, бун) пои… зери…, таги…, буни… 3. қисми зерини пой, қадам 4. маҷ. тоқаи пойафзол ё як почаи шим, эзор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
риоя — (риоят) [رعايه // رعايت] а. посдорӣ, нигоҳдорӣ, мулоҳиза; эҳтиром, нигоҳ доштани поси хотири касе; риояти интизом нигоҳдории тартибу қоида; риоят кардан пос доштан, нигоҳ доштан, мулоҳиза кардан, меҳрубонӣ изҳор намудан, тарафгирӣ ва ҳимоя… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ақида — [عقيده] а 1. эътиқод, боварӣ; маслак; ақида доштан бовар ва эътиқод доштан ба чизе ё касе 2. фикр, мулоҳиза; ба ақидаи… назар ба фикри…, аз рӯи мулоҳизаи…; назар ба ақидаи… назар ба фикри…, аз рӯи фикри… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
назар — [نظر] а 1. нигоҳ, дид; назар андохтан (афкандан) нигоҳ кардан; аз назар гузаронидан (чизеро, ҷоеро); назараш афтидан дида мондан (касе, чизеро); назар давонидан тез нигоҳ кардан; назар гузарондан; назар дӯхтан бо диққат нигоҳ кардан; назар кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нуқта — [نقطه] а 1. изи бисёр хурде, ки бо як бор расондани нӯги қалам ё ягон чизи нӯгтез пайдо мешавад; нуқтаи ҳарфҳои арабӣ аломати холчамонанде, ки дар боло ва зери ҳарфҳои арабӣ гузошта мешавад 2. грам. аломати ист дар китобат (.), ки дар охири ҷумла … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ